ОМОР ҲИСОБОТИ ДАҚИҚ ВА АНИҚ АСТ

Ҷ.Балхӣ:  

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муқоисакунии аъзоён оғоз гардид. Бо мақсади ба тартиб дарории ҳисоботи омории аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 16 майи соли 2024 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маликова Тахмина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гулзор, Мтму №5"-и ноҳия чорабинии муқоисакунии варақаҳо оғоз гардид.