ОЗМУНИ ҲИЗБӢ, НОМИНАТСИЯИ “ХОҶАГИИ БЕҲТАРИН”

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ин росто, ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  озмунҳои ҳизбиро аз руйи номинатсияҳои  “Хоҷагии беҳтарин”, “Оилаи кишоварзи сол” ва “Хазинадори беҳтарин” роҳандозӣ кардааст. Барои дарёфти ғолибони даври ноҳиявӣ масъулини ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо баргузор намуда, хоҷагии деҳқонии бо номи "Қобилҷон"  аз номинатсияи “Хоҷагии беҳтарин” пешниҳод карда шуд. Зимнан, масъулини ҳизбӣ аз хоҷагии мазкур дидан намуданд.