30 – СОЛИ САРШОР АЗ ИФТИХОР ВА ПИРӮЗИҲО БО ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Бо ифтихор мебояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсиест, ки дар замони ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ мавқеи худро то ҳол устувор нигоҳ доштааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон аъзо ва ҷонибдоронро зери мафкураи созанда, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарҷамъ намуда баҳри расидан ба ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ, ки баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, талош меварзад. Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда санаи 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Ва имрӯз Ҳизби пирӯз ва пешоҳанги ҷомеаро 30 сол сипари мешавад. Дар ин солҳои сипаришуда миллати тоҷик таҳти Роҳбарии сиёсатмадори аср, Пешвои ҳақиқии миллат шебу фарозҳои зиёди зиндагиро паси сар карда, аз санҷишҳои гарону вазнини таърих бурдборона гузаштанд. Пушида нест, ки солҳои соҳибистиқлоли давраи комилан орому осуда, роҳе, ки миллати мо дар ин фосила паймуд, тахту хамвор набуд. Бартараф намудани нофаҳмиҳо, таъмини сулҳу субот дар кишвар, ба меҳан баргардонидани гурезаҳо, аз нав сохтани давлат, эҳё намудани урфу одат, анъанаҳои мардумӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, паси сар намудани бемориҳои сироятӣ, ки ҷони ҳазорон нафарро аз байн бурда... Бо шарофати саъю талош ва муборизаҳои қотеонаи фарзанди содиқу ватандӯсти халқ Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шарофати хиради азали, ботамкини ва дурандешии мардуми сулҳхоху фарҳангофари мо рузҳои вахшатноки фоҷиабор паси сар шуданд, ба Ватан сулҳу ороми баргашт, дӯсти ва Вахдати милли мустақар шуд, миллат по бар ҷодаи нав-ҷодаи эҳёшави, бунёдкорию созандагӣ гузошт. Имрӯз ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалц Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ба хуби пазируфта шудааст. Ёдовар мешавем, ки санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025- соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари шуда буд, ба хуби пазируфта шуд. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми шарафманди Тоҷикистон гардид.

Маҳс аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Собиқаи пурғановати давлатӣ ба мо имкон дод, ки пас аз бозгашти сулҳу оромиш, дар муддати кӯтоҳе ба арсаи ҷаҳон бароем ва бо нақшгузорӣ дар ҳалли масоили глобалӣ обрӯи кишвар ва миллатро баланд бардорем. Халқи тоҷик бо роҳбари оқилу хирадманд нишон дод, ки як миллати тамаддунофар аст ва бо гузаштан аз ҳамаи мушкилоти сунъӣ, ки душманон барояш пеш оварда буданд, инак ба ҷойгоҳи арзандае дар сатҳи ҷаҳон расиданд. Ватандӯстӣ, ҷасурию далерӣ, ташабускорӣ, хирадмандӣ, сабру таҳамулпазириро бояд аз ин Марди хирад, Пешвои ҳақиқии миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхт. Сарвари давлат, Роҳбари муаззами ҲХДТ барои ҳар яки мо намунаи ибрат мебошанд. Мебояд гуфт, ки мактаби давлатдории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мактаби бузурги ватансозист. Дар ин росто Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимилии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. “Ва имрӯз вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиамонро бо масъулияти баланд иҷро кунем”. Дар яке аз вохӯриҳояшон иброз доштаанд Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳақатан таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта мо ҳизбиёнро зарур аст бо эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихор аз миллат ва давлат дар амали намудани ҳадафҳои олии ҲХДТ ва иҷрои саривақтии Барномаи он камари ҳиммат бандем. Бо ифтихор иброз медорем, ки дар муддати 30 соли созандагӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, рӯз то рӯз ру ба рушд ниҳода истодааст. Ин аст, ки мо имрӯз аз меваҳои шаҳдбори истиқлол баҳра мебарем. Ва имрӯз вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бедордили кишвар,аз ҷумла ҳар як узви ҲХДТ аз он иборат аст, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расида арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда арҷ гузорем. Сиёсати хирадмандона пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгири намуда ба хизмати Ватан- модар доимо омода бошем. Насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандустӣ, илмомузӣ, ташаббускорӣ тарбия намоем ва ҳамеша зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум талош варзем.

Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Абдулҳаев Маҳмасаид.