МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Терроризм ва экстремизм вабои аср буда, амалҳои он таҳдидест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҳар як фард. Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран гуруҳҳои эктремистӣ ва террористӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунонидани мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зиддӣ ақидаҳои диннии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Дар навбати худ шахсони бесавод, дорои фаҳмиши танг, аз дини мубини ислом хабар надошта зуд гумроҳ шуда ба чунин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Тавре Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Терроризм дин, мазҳаб ва миллат надоранд ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст.” Албатта терроризм ва экстемизм аз ҳама муқаддасот дур буда мафҳуми миллат, давлат, дин ва умуман аз мафҳуми инсоният дур мондаанд. Амалҳое, ки аз ҷониби чунин гуруҳҳо анҷом додамешавад ба инсоният танҳо зарарҳо меораду халос. Муқовимат бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як узви ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пушида нест, ки имрӯзҳо амалҳои террористӣ ва ё эктремистӣ тавассутӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет сурат гирифта бо ҳар гуна роҳу усулҳо мехоҳанд ҷавононро ба доми худ бикашанд. Дар навбати худ ҷавонони дониши комил надошта метавонанд зуд ба чунин гуруҳо шомил шаванд. Тарақиёти илм ва технология муосир тақозо мекунад, ки ҳар фард имрӯз зираку ҳушёр бошад, мақсаду мароми ҳар гуна гуруҳҳои ифротиро тез дарк намуда амалҳои онҳоро маҳкум намояд ва бар зидди онҳо мубориза баранд. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, тарбияи дурусти насли наврас ба хусус ҷавононро дар кишвари азизамон як қатор санадҳо қабул гардида пайваста аз ҷониби ин ё он мақомотҳо ташкилоту муассисаҳо миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳи бурда мешавад. Тавре Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриҳояшон бо ҷавонони кишвар иброз дошта буданд: “Ҷавонон умеди орзу, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоянд”. Аз ин лиҳоз ҷавонони мо бояд донишманд, ҳушёру зирак бошанд, ҳарҷое, бошанд пеш аз ҳама манфиятҳои миллату давлатро аз ҳама боло донанд. Ватандӯст бошанд. Ифтихор аз сарзамими аҷдодӣ, ифтихор аз ватандорӣ ва ифтихор аз миллати худ намоянд.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маликова Тахмина