ВАТАН, ОРОМИАТ ОРОМИИ МОСТ!

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Ватан оромиат, оромии мост,

Ҳама нокомиат нокомии мост.

Албатта ҳар яки мо имрӯз бояд ифтихор намоем, ки соҳиб Ватан, соҳиби забони худ ҳастем. Ифтихор намоем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаем. Имрӯз кишвари зебоманзари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибтамаддун, соҳибихтиёр, сулҳовару ташаббускор шинохта шудааст. Бояд қайд намуд, ки оромиву шукуфоии Ватан аз масъулияти ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад. Ҳар як сокини кишвар бояд ба хуби дарк намоянд, ки сулҳу субот дар кишвар ба осони ба даст наомадааст. Талошҳои шабонарӯзии Роҳбари оқилу хирадманд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати моро сарҷамъ намуд. Ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муарифи намуд. Барои пойдории сулҳу субот дар кишвар, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ҳар яки мо масъулияти бузург ба дӯш дорем. Тавре Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Албатта ҳар як сокини кишвар бояд зираку ҳушёрии сиёсиро аз даст надода баҳри рушди босуботи кишвар саҳми босазои худро гузорад. Замоне расидааст, ки ҳар як миллат ва давлат танҳо ба манфиатҳои кишвари худ мубориза мебаранд. Мо низ дар навбати худ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои ҳақиқии миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар, расидан ба зиндагии шоиста, ободу зебо гардонидани диёри азизамон саҳми босазои худро гузорем. Ҷавонони моро лозим аст ватандӯст, ақлу дониш, рафтори ҳамида, зираку ҳушёр буда, ҳарҷое, ки бошанд, арзишҳои миллӣ, ҳимоягари ватани азизамон, Тоҷикистон бошанд.

Кист сарсупурдаи Ватан, ману туем, ману, туем.

Он, ки дӯст дорад ин чаман, ману туем, ману туем!

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маликова Тахмина