КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА САЗОВОР ҶАШН ГИРИФТАНИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳалла, маориф, соҳаи тандурустӣ ва хонандагону омӯзгорон мунтазам ба шанбегӣ ва корҳои ободонӣ машғул мегарданд.

Имрӯз низ тамоми кормандони соҳаҳои зикршуда ба тозаву озода намудани саҳни биноҳо, гулгашту хиёбонҳо ва сарзабзу хуррам намудани он баромаданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби онҳо гирду атрофи дарахтон аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза ва нарм карда шуда, ҳамзамон гулҳои зебои гуногуни мавсимӣ дар саҳни корхона ва роҳравҳо шинонида шуд.