КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДОНӢ БАҲРИ ҶАШН ГИРИФТАНИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳалла, маориф, соҳаи тандурустӣ ва хонандагону омӯзгорон мунтазам ба шанбегӣ ва корҳои ободонӣ машғул мегарданд.

Имрӯз низ кормандони соҳаҳои зикршуда ба тозаву озода намудани саҳни биноҳо, гулгашту хиёбонҳо ва сарзабзу хуррам намудани он баромаданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби онҳо гирду атрофи дарахтон аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза ва нарм карда шуда, ҳамзамон шоҳроҳи ноҳия низ тоза карда шуд.