САҲМИ КОРМАНДОНИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ЗЕБОНИГОРӢ ВА САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва дар доираи баргузории аксияҳои умуминоҳиявӣ зери унвони «30 ҳафтаи созандагиву бунёдкорӣ», «Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳам кард» ва «Дарахти ман» кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободониву зебонигорӣ ва сабзу хуррамгардониро вусъати тоза бахшиданд.

Иқдомоти мазкур ҷиҳати омодагии ҷиддӣ гирифтан ба таҷлили ҷашнҳои дар пешистода-Наврӯзи Аҷам ва махсусан, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гашта, дар он кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия фаъолона саҳми худро гузоштаанд, ки шоистаи таҳсин буда, чунин ташаббусҳо дар оянда низ давом хоҳад ёфт.