“Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар доираи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 8-уми март “Иди модарон” аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” баргузор гардид. Зимни баргузории аксияи мазкур дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва гулгашту хиёбонҳои ноҳия аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуда занону бонувонро ба ифтихори ҷашни модарон таҳният намуданд. Гуфта шуд, ки зан-модар ҳамчун олиҳаи покиву саодат, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ ба шумор рафта, саҳми занону бонувон дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат назаррас мебошад.