КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва биноҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷараён дорад.

Тибқи итилои масъулин имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони бинои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаби-мусиқӣ" ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои беҳтар намудани сатҳи кору фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанг шароит фароҳам оварда мешавад.

Бино ба маълумоти масъулин бо татбиқи пурраи лоиҳа дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.