РОҒУН АРСАИ МАРДОНИ НАНГ АСТ.

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии НБО "Роғун" эътироф гардидааст. Вобаста ба кор ҷалб намудани шаҳрвандон ва бо ин васила таъмин намудани ин иншооти бузурги аср бо мутахассисону кормандон аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо аз ҷумла ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор гардида истодааст.

Доир ба ҳамин масъала санаи 13 феврали соли 2024, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хотири таъмини ҷойи корӣ ба шаҳрвандони бекори ноҳия ярмарка ҷойҳои кории холӣ доир карда шуд.

Дар ярмарка аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои ноҳия 89 номгӯи ҷойи кор ва аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НБО Роғун низ ҷойҳои кории холӣ пешкаши шаҳрвандон гардонида шуд. Баргузории ярмарка дар маркази ноҳия доир гардида таваҷҷуҳи шахсони бекор ҷалб карда шуд.