БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР НОҲИЯ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани маҳал ва соҳили манбаҳои обӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон дар корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ва бо назардошти қарори раиси ноҳия аз 18 июни соли 2021, №775 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2021-2025» санаи 27 январи соли 2024 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромада, кӯчаву роҳравҳо ва назди корхонаву муассисаҳои худро аз алафҳои бегона ва партовҳо тозаву озода намуда, гулҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинониданд.

Ташаббусҳои мавриди назар аз роҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии рӯзи ҲХДТ бобати тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, бунёди иншоотҳои ҳозиразамон ва сарсабзу хуррам гардонии ҳар гӯшаи он пайваста чунин аксияву шанбегиҳо ва нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.