Маьюбон, ятимон ва оилахои ниёзманд зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли 2023 бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Сулаймонзода Лола, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмасаид оилаҳои ниёзманд ва маьюбон айёдат шуда кумаки моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Хамро дар рафти вохурӣ бо оилаҳои ниёзманд суҳбат намуда оид ба зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии ҲХДТ қарор доштани маъюбон, бепарасторону ниёзмандон ибрози андеша намуданд. Метавон зикр кард, ки Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек дар арафаи чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб, оилаҳои ниёзманд ва ятимон таҳти ғамхории ҳамешагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қарор гирифта ба онҳо нафақаи ҳизбӣ, кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида мешавад.