СОАТИ СИЁСӢ САРИВАҚТӢ АРЗЁБӢ ГАРДИД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон  ҳар рузи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №1-и ноҳия бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, намояндаи шуъбаи маориф ва омӯзгорони соҳибтаҷриба миёни наврасони 12-17 сола соати сиёсӣ дар мавзуҳои  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ,  вазъи бавуҷудомада дар ҳамсоякишвар - Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон, ҳамчунин, мавҷудияти низоъ бо Қирғизистон,  фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида шуд.