ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ 32 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 04 сентябри соли 2023 бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонзода Лола ва бо иштироки раиси Шурои собиқадорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ- Абдулҳаев Маҳмасаид бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба аёдати чор нафар маъюбон рафта, дар рафти дидорбинӣ ба ин ашхосони осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахсони маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳанд гашт.