АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "МАКТАБИ МАН" - НАТИҶАҲОИ НЕК БА САМАР МЕОВАРАД!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таъҳсилоти миёнаи умумии №10 и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби аъзо ва чонибдорони ҳизбӣ ва саҳмгузории шахсони саховатманд корҳои таъмиру азнавсозии синфхонаҳо бо маром ҷараён дорад.

Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Розиқов Абдухолиқ аз рафти таъмир муассиса дидан намуд.

Бояд гуфт, ки маъмурияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Асотсиатсияи падару модарон ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ тасмим гирифтанд, ки то оғози соли нави хониш таъмири капиталиро анҷом диҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки аснои баргузори баргузории хонишҳои сиёсӣ дар доираи ташаббуси созандаи “Мактаби ман” хатмкунандагони ин боргоҳи илм низ ҷалб гардида саҳми муносиб мегузоранд.

Дар натиҷа тирезаҳои синфхонаҳо аз нав карда шуда ва хиёбони даромадгоҳи муассисаи мазкурро таъмир намуда, истодаанд.