ТАШАББУСИ НАВИ ҲХДТ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲХДТ-ҳизби ташаббускору созанда буда, иқдомҳои некро баҳри манфиати мардум равона месозад.  Дар ин раванд тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳафтае як маротиба волонтёрони ҳизбӣ барои кумак ба хонаи шахсони маъюбу бекас рафта, ба корҳои хонаи онҳо ёрӣ мерасонанд. Ин навбат ба хонаи як тан маъюби танҳо аз деҳаи Сари Роҳи ҷамоати деҳоти Ҳалевард рафта, хона ва ҳавлии ӯро аз чангу хошок тоза намуда, манзили зисти шахси бекасу танҳоро тозаву озода намуданд.