ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИДИ ҚУРБОН

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 июни соли 2023 бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола ва бо иштироки раиси Шурои собиқадорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ- Абдулҳаев Маҳмасаид ба аёдати маъюбон рафта, дар рафти дидорбинӣ бо онҳо суҳбат намуда, ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.