ОБОДИИ ВАТАН -МАРОМИ МОСТ!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳия корҳои созандагию ободони бо маром идома дорад. Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истода, бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор доранд. Дар ин навбат бо ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроия дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, кӯчаҳои марказии ноҳия дар нақша гирифта шудаст, ки пурра мумфарш карда мешавад.

Айни замон дар шоҳроҳи марказии ноҳия ба масофаи 1 километр мумфарш гардида истодааст. Мумфаршкунии роҳро мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА-Роҳсоз)-и ноҳия ба уҳда доранд.