ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ НОҲИЯ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор доранд. Дар ин навбат дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.