СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ, БАХШИДА БА 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар самти рушд ва беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи маориф имрӯзҳо аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, тибқи аксияи “Якҷоя месозем”-и ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як қатор деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ босуръат идома дорад. Бо ин мақсад аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар деҳаи Тимошенко Ҷамоати деҳоти Ҳалевард низ тасмим гирифтанд дар назди МТМУ №69-и ноҳия ду синфхонаи иловагӣ, китобхона ва ҳоҷатхона сохта ба истифода диҳанд. Айни замон ба бардоштани деворҳо машғуланд ва тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.