КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истода, бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор доданд. Дар ин навбат бо ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроия дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон кӯчаи марказии ноҳия пурра чароғон карда шуда, ба симои шаҳрак ҳусни нотакрор бахшидааст.