ОИЛАИ СОЛИМ – АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандоне, ки ҳамарӯза аз ин дабистоне, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд.

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани “Рӯзи байналмилалии оила” тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санаи 15 майи соли 2023  бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола, Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмасаид намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балх ва Ҳалевард оилаҳои намунавӣ айёдат карда шуда аз ҷониби Кумитаи иҷроия дар ноҳия туҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуд. Дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ аҳли оилаҳо аз таҷрибаи рӯзгордорӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва наберагон, сабру таҳамулпазири дар ҷараёни оиладорӣ, якдигарфаҳмӣ, мутаҳиддӣ ибрози андеша намуданд. Қайд карда шуд, ки падару модар барои фарзандон бояд, ки намунаи ибрат бошанд. Дар оилае, ки  меҳру муҳаббат, эҳтирому якдигарфаҳмӣ байни аъзои оила бошад он оила ҳамчун  солим номидан мумкин аст. Ҷавонони имрӯзаро мебояд қабл аз бунёди оила фарҳанги оиладориро ба хуби омӯзанд.