КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истода, бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор доранд. Дар ин навбат бо ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроия дар ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон кучаи марказии ноҳия пурра чароғон карда шуда ба симои шаҳрак ҳусни нотакрор бахшидааст. Ҳамзамон дар кучаю шоҳроҳҳои ноҳия шиору лавҳаҳои сарироҳи насб карда шуда корҳои ободонӣ бо маром идома дорад.