НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР ТАЪМИН ГАРДИД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 апрели соли 2023 бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола ва бо иштироки раиси Шурои собиқадорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ- Абдулҳаев Маҳмасаид бахшида ба иди Саиди Фитр ба аёдати ду нафар маъюб - рафта, дар рафти дидорбинӣ ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.