ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМАЛ!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1 марти соли 2023 бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола ба аёдати маъюбон аз Ҷамоати деҳоти Золи Зар ва Ҷамоати деҳоти Ҳалевард рафта, дар рафти дидорбинӣ бо онҳо суҳбат намуда, ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.