САНГФАРШКУНӢ ДАР РОҲҲОИ МАҲАЛ.

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қаҳрамон”-и Ҷамоати шаҳраки Балх Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” доир гардид.

Корҳои ободониву созандагӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таъмини зиндагии шоиста ба сокинон роҳандозӣ гардида бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Қаҳрамон ” дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронида шуд.