АЁДАТИ ЗАНОНИ СОБИҚАДОР ДАР РӮЗИ МОДАР

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия, чанд тан занони собиқадори меҳнат, аъзои фаъоли ҲХДТ  айёдат  карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Зимни суҳбат собиқадорон аз фаъолияти пурсамари меҳнатӣ, даврони фаъолияти худ ёдоварӣ карда, миннатдории худро  ба ташкилкунандагони  чорабинӣ  баён намуданд.