ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ, аз ҷумла Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" дар ҷамоату деҳаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва сокинону шахсони саховатпеша корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд.

Чунин ташаббусро сокинони деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Навоӣ дастгирӣ карда, дар деҳа як чойхонаи нав сохта истодаанд.

Дар амалишавии сохтмони чойхона саҳми раиси Ҷамоати деҳоти Навоӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Ҳаёти Нав" аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, сокинони деҳа ва дигар шахсони саховатпеша хеле назаррас мебошад.