ТАЪМИРИ БОЛОПӮШИ МТМУ №20 ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани муассисаҳои таълимӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент боз як муассисаи таълимии ноҳия обод карда шуд.

Бо иштироки фаъолону аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қазоқон” бо тариқи ҳашари дастаҷамъона болопӯши муассисаи таълимии №20-и Ҷамоати деҳоти Маданият таъмир карда шуд. Омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда аз ин амали нек ва хайру савоб шоду масрур гардида, дар таъмир кардани болопӯш кӯмаки хешро расониданд.