ТАЪМИРИ БОЛОПӮШИ МТМУ №18-И НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани муассисаҳои таълимӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи  16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент боз як муассисаи таълимии ноҳия обод карда шуд.

Аз санаи 14-уми ноябри соли 2022 сар карда, бо иштироки фаъолону аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қизилбайрақ” бо тариқи ҳашари дастаҷамъона болопӯши муассисаи таълимии №18-и ҷамоати деҳоти Маданият таъмир карда шуд. Омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда аз ин амали нек ва хайру савоб шоду масрур гардида, дар таъмир кардани болопӯш кӯмаки хешро расониданд.