ДАР МАҲАЛЛАҲО КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроия бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсия  ва сазовор истиқбол намудани 30- солагии Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати амалӣ намудани супоришҳои роҳбарияти ҳизб корҳои ободонию созандагӣ ва ҳашарҳои дастаҷаъмонаро таҳти унвони «Ободии Ватан саодати мост!» баргузор намуда, корҳои тоза намудани маҳаллаҳо, таъмиру сангфаршкунии роҳҳо атрофи идораю ташкилот, муассиаю корхонаҳоро ба роҳ монда истодаанд.

Ин навбат ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии деҳаи Фрунзе дастаҷаъмона ҳашар ташкил намуда, шафати роҳи даромади деҳа, роҳҳои кӯчаҳои деҳаҳҳоро сангфарш намуда, кӯчаҳои дохили деҳаро тоза намуданд.