СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №2-и ноҳия бо иштироки вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” гузаронида шуд.