Насимзода Сафармуҳаммад Бегиҷон – Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон

Насимзода Сафармуҳаммад Бегиҷон 31 январи соли 1996 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Соли 2018 Донишкадаи  идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистонро рӯзона хатм намуда, айни замон дар курси 4-уми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил менамояд. Фаъолияти кориашро ба ҳайси мураббии мактаби варзишии ноҳияи Ёвон оид ба намуди Тайквандо (ВТФ) (2014-2017) оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои муовини директори МТМУ № 80 (2017-2018) ва аз соли 2019 то инҷониб дар вазифаи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон адои вазифа доранд. Ҷоизадори медали нуқраи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Минск ва дорандаи камарбанди сиёҳ ва устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.