Халилов Бурҳониддин Ғуломович – Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон

Узви Раёсати Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ Халилов Бурҳониддин Ғуломович мебошад, ки 17 майи соли 1965 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш МТМУ ба номи В.И. Ленин гирифта, соли 1989 шуъбаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибнӣ Синоро бо муваффақият хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси  рангуборчии ХРУ-27 (1982-1983) оғоз намуда, сипас ба сифати  интернатураи  беморхонаи марказии шаҳри Норак (1989-1990), табиби бемориҳои дарунаи беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, табиби осебшинос, мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, мудири шуъбаи шикастабандӣ,  ҷонишини сардухтур оид ба ВКК –и беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон (1990-2015) кор кардааст. Аз соли 2015 сартабиби беморхонаи марказии ноҳия шуда фаъолият дорад.

Табиби ҳозиқ, роҳбари кордону лаёқатманд ва мутахассиси хуби соҳаи хеш мебошанд. Бо ташаббуси бевоситаи  Халилов Б. дар ноҳия даҳҳо марказҳои саломатӣ бунёд гардида, сифати кори хуби соҳаи тандурустӣ бараъло мушоҳида карда мешавад.

Хизматҳои шоёни Халилов Бурҳониддин бо унвонҳои “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” (2008) ва “Медали хизмати шоиста” (2017) сарфароз гардидаанд.

Шиораш дар зиндагӣ: “САЛОМАТИИ МИЛЛАТ, БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

Оиладор соҳиби се фарзанд аст.