Саидзода Гулрухсор Гурез – Муовини раиси ноҳияи Ёвон

Зани озодакор, бонуи кордону сиёсатмадор, номзади арзанда Саидзода Гулрухсор Гурез  9 майи соли 1970 дар деҳаи Қамбарии ноҳияи Ёвон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

            Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Ёвон мебошад. Соли 1995  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих-омӯзгор хатм намудааст.

            Фаъолияти кориашро ба ҳайси котиба-чопгари муассисаи нақлиёти автомобилии № 4 (1987-1988) оғоз намуда, сипас ба сифати ёрдамчии мудири анбори  марказии МНА № 4 (1988-1990), нозири калони шуъбаи кадрҳои маркази шуғли аҳолии шаҳри Душанбе (1995-1996), мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (1996-2001), мутахассиси пешбари шуъбаи маориф (2001-2011), мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон (2011-2016) кор карда аст. Аз соли 2016 инҷониб муовини раиси ноҳияи Ёвон мебошанд.

Муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллии он Саидзода Г.-ро то мартабаҳои баланди корӣ расонидааст. Тарғибкунандаи фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, рушди маънавиёти ҷомеа, фарҳангу маориф ва дастовардҳои нодири Тоҷикистони азиз мебошад.

Шиораш дар зиндагӣ: “БАРОИ БУНЁДИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН-ИМРӮЗРО БОЯД БИСОЗЕМ!

Оиладор соҳиби ду фарзанд аст.