Раҳматуллоев Мақсуд Амирович – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

Раҳматуллоев Мақсудҷон Амирович 23 июни соли 1980 дар  деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

            Маълумоти миёнаро соли 1997 дар зодгоҳаш МТМУ № 29 гирифта, соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисоси “Менеҷмент-экономист” хатм намудааст.

             Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси директори ҶДММ “Фазллуло” (1999-2010) оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои  мутахассиси бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  ва мудири ҳамин бахш (2010-2012), муовини директори ҶДММ “Фазллуло” (2012-2014) директори ҶДММ “Фазллуло” (2014-2017) кор кардааст. Аз  соли 2017 дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон фаъолият доранд.

Роҳбари хоксор ва ҳалиму меҳрубон аст. Дар таҳкими дастовардҳои нодири миллат- истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати комили миллат саҳми шоиста доранд. Ватандӯстиву худшиносиаш боиси омӯзиш аст.

Раҳматуллоев М. А. мутахассиси хуб  ва роҳбари ботаҷриба мебошад.

Оиладор соҳиби чор фарзанд аст.

Шиораш дар зиндагӣ: “ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ КАФОЛАТИ  ПИРӮЗИИ  МОСТ!