Ашурзода Нигина Нарзулло – Раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвон

Ашурзода Нигина Нарзулло 3 ноябри соли 1977 дар деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 МТМУ № 7-и ноҳияро хатм намуда, соли 2011 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва берун аз он фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Солиёни зиёд дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассис фаъолият намудааст. Аъзои ҲХДТ мебошанд. Аз соли 2020 инҷониб вазифаи пурмасъулияти раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвонро ба зима доранд. Вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоати шаҳраки Ёвон ҳастанд. Оиладор буда, соҳиби ду нафар фарзанд мебошанд.