Мирзоева Шодигул Саидовна – Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

Мирзоева Шодигул Саидовна  13 майи соли 1953 дар ноҳияи Ёвон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли  1970 МТМУ № 1 ва соли 1975 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси омӯзгори фанни забони русӣ хатм намудааст. Фаъолияти кории худро аз соли 1975 ба ҳайси омӯзгори МТМУ № 75 оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои мудири шуъбаи баҳисобгирии Кумитаи камсамол (1977-1983), мудири шуъбаи САҲШ дар ноҳия (1983- 2005), раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана (2005- 2006), раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон (2006- 2007), мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (2007-2009), мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон (2009-2011) фаъолият намудааст. Аз соли 2021 вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон фаъолият доранд. Бонуи озодакору хушсухан ва намунаи ибрати кулли бонувони ноҳия мебошад. Сиёсати ҲХДТ- ро доимо миёни аҳолии ноҳия тарғиб менамоянд.