Бобобеков Хусрав Раҷаббекович – Роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан"

Бобобеков Хусрав Раҷаббекович 24 январи соли 1989 дар кӯчаи Меҳвари ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст.

Соли 1997 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия ба синфи якум рафта, муассисаро соли 2017 бо муваффақият хатм кардааст.

Соли 2009 барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, донишгоҳи мазкурро тариқи ғоибона бо гирифтани ихтисоси “Ҳуқуқшинос” соли 2015 хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли ба ҳайси ҳисобчии технологияи инфарматсионии шуъбаи маорифи ноҳия (2007-2009), омӯзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқи Коллеҷи тиббӣ (2009-2015), муовини директори Коллеҷи тиббӣ (2015-2018), директори ҶДММ “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон” (2018-2019) омӯзгори Коллеҷи тиббии ноҳия ва аз соли 2021 ба ҳайси директори МТМУ № 65 фаъолият дорад.

Ҷавони кордон ва хоксору меҳрубон аст. Ҳисси худшиносиву ватандӯстонааш барои ҷавонони ноҳия мояи омӯзиш аст. Ҳамчун ҷавонони муваффақ чандин маротиба дар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ шарафи ҷавонони Тоҷикистонро ҳимоя намудааст. Забонҳои русиву англисиро хуб медонад ва дар сатҳи иттилоот фаъол буда, бар зидди  гурӯҳҳои ифротгаро доимо муборизаҳои иттилоотӣ менамояд.