Абдуллозода Саёҳат Пирмурод – Муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

Абдуллоева Саёҳат Пирмуродовна 6 октябри соли 1982 дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Ёвон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш МТМУ № 5 гирифта, соли 2001 филиали Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар ноҳияи Ёвон ва соли 2009 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти  меҳнатии худро  соли 2001 ба ҳайси омӯзгори муассисаи давлатии таълимии ЛКТСК оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои муовини директори ҳамин муассиса (2001-2003), муовини директори муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникӣ (2003-2005), сармутахассиси шуъбаи ҷавонон (2005-2006), коргузори филиали ҶСК «Ориёнбонк» (2006-2007), мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (2007-2008), сармутахассиси бахши фарҳанг (2008-2009), муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвон (2009-2010), мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2015 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  фаъолият дорад.

Муаллифи китобҳои «Чашми дил» (Душанбе, 2009) ва  “Эътимоди халқ кафолати пирӯзии мост” (Душанбе-2019), "Гавҳаре аз умқи дарё" (Душанбе -2020) ва "Машъалафрӯзи ҷодаи илм" (Душанбе-2022) мебошанд.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад (2010)