САИДЗОДА ҶАМШЕД ҲАМРО – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саидзода Ҷамшед Ҳамро санаи 10 апрели соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 1990 Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ)-ро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро аз кафедраи “Технологияи истеҳсолоти сохтмонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз бахшидааст. Аз соли 1993 то соли 1994 ба ҳайси ассис-тенти кафедраи “Технология ва ташкили истеҳсолоти сохтмонӣ”, солҳои 1994-2000-муаллими калони кафедраи “Технологияи истеҳсолоти сохтмонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ”, солҳои 2000-2004 ноиби ректор оид ба масъалаҳои тарбиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2004-2005 вазифаҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, солҳои 2005-2007 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, солҳои 2007-2009 директори Маркази танзими Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо ба уҳда дошт. Аз соли 2009 то соли 2010 муовини раиси шаҳри Душанбе, аз соли 2010 то соли 2015 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, солҳои 2015-2019 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, аз соли 2019 то 11 январи соли 2023 раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шуда кору фаъолият намудааст.

Аз санаи 18 январи соли 2023 дар Конференсияи XIV -и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо мукофотҳои давлатии Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Доктори илмҳои техникӣ, дотсент, оиладор соҳиби 6 фарзанд.