ЗАБОН ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлтдорӣ буда дар пойдор ва таҳкими миллат мақом ва нақши муҳим дорад ва бо ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад.Чуноне,ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоxикистон қайд карданд « Риояи меъёрҳои забони адабӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бевоситаи ҳар як розҳбару корманди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёи мебошад. Инро ҳар як фарди бонангу намуси миллат, ки ба ояндаи неки Ватан хушбин аст ва мехоҳад давлаташ комилан соҳибистиқлолу мутараққӣ бошад, бояд дарк намояд. Фаромeш набояд кард,ки  бе рушди забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем.»

Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки забони тоҷики  дар тули ҳазор сол, ки халқи тоxҷик давлати худро надошт, аз байн нарафта, бо шарофати нангу номуси ватандориву соҳибзабонии фарзандони барҷастаи миллат барҷову барпо монд. Яке аз ин фарзандони фарзонаи миллат Имоми Аъзам мебошад,ки саҳми ӯ  дар пойдор ва асолати забони тоҷикӣ ниҳоят бузург ва арзишманд аст.Агар ин фарзанди баруманди халқ намешуд, ғазовати араб ва арабикунонии мардуми Аҷам дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикиро аз будаш бештар маҳдуд намуда тақдири минбаъдаи форсигӯён хело маҳдуд мегашт. Маҳз тавассути дониш ва малакаи Имоми Аъзам забони тоҷикӣ воситаи амалӣ намудани рукнҳои ислом ва тоати исломӣ вориди тамаддуни нав гардид.

 Имрeзҳо Тоҷикистони соҳибистиrлоли мо барои рушду камол ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ тамоми шароитҳоро доро буда барои равнақу ривоҷи забони давлатӣ шароитҳои наву мусоидро фароҳам овардааст.  Ҳар як  миллату халқро пеш аз ҳама аз руи нуфузу мартабаи забонаш мешиносанд Зеро забони модарӣ мӯқадастарин сарвати миллат мебошад. Боварӣ дорем,ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон  бо дарки баланди миллӣ ва хештаншиносӣ  дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон дар бораи забон саҳми босазои худро мегузорад.

Расулов Ғолибҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон