ЗАБОН ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони ноби Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил ва дигар классикони адабиёти мо шукӯҳу ҷалоли аслии худро дубора ба даст овард ва ба маснади забони давлатӣ расид. Забони модарии мо аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини дунёст, ки роҳи пурҳодисаи давру замонҳоро тай намуда, бо фасоҳату малоҳати бемисли худ то ба замони мо расидааст. Гузаштагони соҳибфарҳанги мо бо вуҷуди ҳама гуна тохту тозҳои бераҳмона, сӯхторҳову қатлу кушторҳо ва шикастҳову парокандагиҳо тавонистанд асолати забони худро нигоҳ доранд ва онро аз осеби ҳодисаҳои таърихӣ наҷот диҳанд. Дар тӯли садсолаҳо давлатҳои турктабори ғазнавиёну салҷуқиён, қарахониёну хоразмшоҳиён, империяҳои бузурги муғулии чағатоиёну темуриён ва туркони усмонӣ, шайбониёну аштархониҳо ва манғитиҳо забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатдорӣ ва коргузорӣ истифода мебурданд, шоирону олимон ва ҳакимони тоҷику форсизабон марказҳои илмиву адабии дарбор ва замони салтанати онҳоро обод медоштанд. Забони модарии мо дар тӯли беш аз ҳазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмиву байналмилалӣ ба шумор мерафт ва дар давоми ин солҳо дар баробари забони шеъру адаб, илму фарҳанг ва коргузориву давлатдорӣ буданаш вазифаи васлгарии халқу миллатҳоро низ ба ҷо овардааст. Қобили таваҷҷуҳи хос аст, ки масъалаи рушди бомароми забони давлатӣ дар андешаи Президенти мамлакат ба сифати яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён ҷойгоҳи махсус дорад. Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳои хеш дар бораи ин рукни муҳими давлатдорӣ андешаронӣ карда, қайд намудаанд, ки «Забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад». Аз ҳамин нигоҳ, ҳамаи мо ҳамчун меросбарони фарҳангу тамаддуни ниёгони худ масъулияти рушду такомули имрӯза ва ояндаи забони модарии худро бар дӯш дорем, вазифадорем, ки дар фаъолияти корӣ ва муносибатҳои ҳамарӯзаи худ баҳри густариши арзишҳои фарҳангии халқамон, аз он ҷумла барои аз таъсири манфии забонҳои дигар эмин доштани забони давлатӣ ва боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани он саҳмгузор бошем. Бо чунин забони маърифатпардозе, ки дар таҳкими тамаддуни аҳли башар нақши беназир дорад, бо забоне, ки роҳи дуру дарози таърихиро тай намуда, бо ин назокату шевоӣ то ба мо омада расидааст, мо бояд ифтихор дошта бошем ва онро аз ҳама гуна олоишҳо муҳофизат намоем. Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ, ки боиси ифтихори миллати мо ҳастанд, маҳз тавассути забон то замони мо омада расидаанд ва ба воситаи забон шинохта шудаанд. Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири манфии забонҳои дигар ва унсурҳои гуфтугӯии кӯчагӣ ҳифз кунем. Ба ин забон санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва осори илмиву бадеии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, ин забон аз минбарҳои бузург ва муътабари ҷаҳонӣ садо медиҳад ва рӯз то рӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруфияти бештар касб менамояд. Имрӯз мо бояд кӯшиш намоем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем. Забони мо шиносномаи маърифати оламшумули мо, баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони зебову шевои модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди худ бошем!

 Рӯзи забони давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Абдуллозода Саёҳат-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон