ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ ДЕВОРҲОИ ОРОМГОҲ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ”  ва  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем! Ин навбат дар оромгоҳи деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти Чоргул бо дастгирии оилаи Мирзоевҳо ва саҳми маҳал ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи оромгоҳро тозаву озода намуда, инчунин дар дохили оромгоҳ  мизҳо барои нишаст сохта шуд. Инчунин ташубускорон даромадгоҳ ва деворҳои атрофи оромгоҳро тамиру азнавсози намуда, рангу бор карда истодаанд. Ҳамзамон дар рӯзи ҳашар эмомхатибон низ иштирок намуданд.