ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ АҲОЛӢ ДАСТГИРӢ КАРДА МЕШАВАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон яке аз ҳадафҳои принсипи кории худро дар ростои рейтинги ҳизбӣ бо мақсади аёдат ва дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ равона намудааст. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастгириву ҳамкории Ташкилоти ҷамъиятии “Дилафрӯз” як нафар маъюби гурӯҳи якум, сокини деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти Чоргул Жураева Хосият аёдат гардида, ба ӯ аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд. Жураева Хосият таи чанд сол мешавад, ки дар бистари беморӣ хоб буда, ба чунин дастгирӣ, яъне аробачаи маъюбӣ ниёз дошт. Аҳли оилаи онҳо иқдоми навбатии ҳизбиёни ноҳияро давоми сиёсати инсондӯстона ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуда, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.