МАЪЮБОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон яке аз ҳадафҳои принсипи кории худро дар ростои ретинги ҳизбӣ бо мақсади аёдат ва дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ равона намудааст. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастгириву ҳамкории Ташкилоти ҷамъиятии “Дилафрӯз” як нафар  маъюби гуруҳи якум, сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Ҳусейнова Гулнора аёдат гардида, ба ӯ аробачаи маъюби тақдим карда шуд. Ҳусейнова Гулнора таи чанд сол мешавад, ки дар бистари бемори хоб буда, ба чунин дастгири, яъне аробачаи маъюби ниёз дошт. Аҳли оилаи онҳо иқдоми навбатии ҳизбиёни ноҳияро давоми сиёсати инсондӯстона ва ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёби намуда, изҳори сипосу минатдори намуданд.