ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАРОИ БЕДОР НАМУДАНИ ЗИРАКИИ СИЁСИИ ХОНАНДАГОН МУСОИДАТ МЕНАМОЯД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ва дар зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и ноҳия бо иштироки Омӯзгорон ва хонандагон  соати сиёсӣ баргузор гардид.  Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгор Сангимуродов Умархон  тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ  ва паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон буд. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки хонандагони имрӯза бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна амалҳои ғайр даст назананд ва муаррифгари давлату миллати худ бошанд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки хонандагон имрӯз дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, барои баланд бардоштани савияи дониши худ бештар ба китобхонӣ машғул шаванд.