СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 31

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист. Дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 соати сиёсӣ баргузор гардид.  Дар соати сиёсӣ аз ҷониби омӯзгор Воҳидов Холмаҳмад- собиқ хатмкунандаи муассисаи мазкур   тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва бо кор таъмин намудани мутахассисони оянда буд. Дар ҷараёни мулоқот омӯзгор аҳли нишастро таъкид намуд, ки ояндаи ободи диёр аз донишу малака ва ҳисси ватандӯстии насли наврас вобастагии амиқ дорад. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки наврасону ҷавонони  имрӯза ҳамчун мутахассисони оянда ва муаррифгари давлату миллати худ бояд дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятпазир бошанд.