СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 30.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24 сентябри соли равон дар саҳни  МТМУ № 30 «Соати сиёсӣ»  бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар «Соати сиёсӣ» ба ҳайси омӯзгор директории муассисаи номбурда Тешаев Нусратилло иштирок намуда, дар мавзуъи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир  дарс гузаштанд. Хонандагони муассиса иқдоми мазкур ва дар фазои озод баргузор намудани соати сиёсиро бо хушнудӣ пазируфта барои худ ғизои маънавӣ гирифтанд.